АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад

Сентябрь 15, 2026 15:21

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳукумати Тоҷикистон  табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2024 бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.

–Ҳамзамон Сарвари давлат доир ба масъалаҳои иқтисоди рақамӣ суханронӣ намуда, таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумотро ҳамчун яке аз ҳафт самти муҳими дар панҷсолаи оянда пайгиришаванда арзёбӣ намуданд.

Яке аз масъалаҳои калидӣ барои мақомоти давлатӣ ҳифзи додаҳое мебошад, ки ба низомҳои зеҳни сунъӣ дода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» масъалаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро ба танзим медарорад.

Дар ин замина ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои берунии зеҳни сунъӣ бояд масъалаҳои зерин пешакӣ муайян карда шаванд:

  • кадом маълумот ба модели зеҳни сунъӣ дода мешавад;
  • маълумот дар куҷо коркард мешавад;
  • маълумот дар куҷо нигоҳ дошта мешавад;
  • оё провайдер маълумотро барои омӯзиши модели худ истифода мебарад;
  • кӣ ба маълумот дастрасӣ дорад;
  • муҳлати нигоҳдорӣ чӣ қадар аст;
  • механизми нест кардани маълумот чӣ гуна мебошад;
  • оё маълумот ба ҳудуди дигар давлат интиқол меёбад;
  • чӣ гуна фаъолияти зеҳни сунъӣ аудит ва бақайдгирӣ мешавад.

Аз ҳамин сабаб дар мақомоти давлатӣ истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бо принсипҳои кам кардани ҷамъоварии маълумоти нолозим (Data Minimization), маҳдуд кардани истифодаи маълумот бо мақсади муайян (Purpose Limitation), назорати дастрасӣ (Access Control), рамзгузории маълумот (Encryption), бақайдгирии амалиёт (Logging) ва имконияти санҷиш ва назорат (Auditability) ба роҳ монда шавад.

Барои давлатҳои дорои захираҳои маҳдуди технологӣ масъалаи вобастагӣ аз платформаҳо ва моделҳои хориҷӣ низ ба миён меояд. Агар маълумоти давлатӣ, маълумоти шахсӣ ё иттилооти дорои аҳаммияти стратегӣ ба хизматрасонии берунии зеҳни сунъӣ интиқол дода шавад, масъалаҳои зерин пайдо мешаванд:

  • вобастагӣ аз провайдер;
  • ҷойгиршавии маълумот дар хориҷа;
  • қонунгузории кишвари провайдер;
  • дастрасии эҳтимолии шахсони сеюм;
  • қатъ шудани хизматрасонӣ;
  • тағйири шартҳои истифода;
  • вобастагии техникӣ.

Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахши давлатӣ бояд меъёрҳои амният, соҳибихтиёрии додаҳо, устувории хизматрасонӣ, мутобиқати ҳуқуқӣ ва идорашавандагӣ ба назар гирифта шаванд.

Ин маънои онро надорад, ки давлат бояд ҳама моделҳоро мустақилона таҳия кунад. Роҳи воқеӣ ташаккули меъмории омехта мебошад, ки дар он барои вазифаҳои дорои хавфи баланд назорати бештар, инфрасохтори боэътимод ва дар ҳолатҳои зарурӣ моделҳои мустақилона ҷойгиршаванда истифода мешаванд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи зеҳни сунъӣ дар амнияти киберӣ бояд марҳила ба марҳила анҷом дода шавад. Марҳилаи якум истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи таҳлил, яъне дар марҳилаи аввал истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба вазифаҳои нисбатан камхатар равона карда шавад. Дар ин марҳила қарорҳои таъсирбахш бояд аз ҷониби инсон қабул карда шаванд.

Марҳилаи дуюм худкоркунии идорашаванда мебошад. Марҳилаи сеюм истифодаи агенти зеҳни сунъӣ дар маркази амалиёти амниятӣ (SOC) аст. Дар марҳилаи минбаъда агентҳои зеҳни сунъӣ метавонанд як қисми амалиёти SOC-ро иҷро кунанд. Марҳилаи чорум экосистемаи миллии амнияти зеҳни сунъӣ (AI Security) мебошад, ки дар дурнамои дарозмуддат Тоҷикистон метавонад экосистемаи миллии AI Security-ро ташаккул диҳад.

Ин самт метавонад бо рушди Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе низ пайваст карда шавад. Барои истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар бахши давлатӣ зарурати ташаккули заминаи меъёрӣ ва методологии мувофиқ ба миён меояд.

Бо густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои энергетика, алоқа, молия, тандурустӣ, нақлиёт ва идоракунии давлатӣ масъалаи амнияти низомҳои зеҳни сунъӣ ба масъалаи амнияти инфрасохтори муҳим табдил меёбад.

Агар зеҳни сунъӣ танҳо барои таҳлили маълумот истифода шавад, хатоии он метавонад боиси пешниҳоди маълумоти нодуруст гардад. Аммо агар зеҳни сунъӣ ба идоракунии воқеии равандҳо пайваст бошад, хатои он метавонад ба:

  • қатъ шудани хизматрасонӣ;
  • вайроншавии тамомияти маълумот;
  • тағйири сохтори низом;
  • маҳдудшавии дастрасӣ;
  • халалдоршавии фаъолияти объектҳои муҳим оварда расонад.

Бинобар ин, ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ дар инфрасохтори муҳим бояд талаботи иловагии идоракунии хавф, санҷиши модел, назорати инсонӣ, механизмҳои баргардондани низом ба ҳолати пештара (rollback) ва имконияти фавран қатъ кардани фаъолияти агенти зеҳни сунъӣ пешбинӣ карда шавад.

Рушди зеҳни сунъӣ бе қоидаҳо ва назорати дуруст устувор буда наметавонад. Стандарти ISO/IEC 42001:2023 талаботро барои таъсис, татбиқ, нигоҳдорӣ ва такмили доимии низоми идоракунии зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence Management System) муайян мекунад. Ин стандарт барои ташкилоте, ки низомҳои зеҳни сунъиро таҳия, пешниҳод ё истифода мекунанд, татбиқшаванда мебошад.

Дар самти амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ бояд стандартҳои байналмилалии зерин истифода шаванд:

  • ISO/IEC 27001 барои низоми идоракунии амнияти иттилоотӣ;
  • ISO/IEC 27701 барои идоракунии маълумоти шахсӣ;
  • ISO/IEC 42001 барои низоми идоракунии зеҳни сунъӣ;
  • ISO/IEC 23894 барои идоракунии хавфҳои зеҳни сунъӣ;
  • NIST AI RMF барои идоракунии хавфҳои зеҳни сунъӣ;
  • NIST GenAI Profile барои хавфҳои GenAI;
  • NIST Cybersecurity Framework барои идоракунии хавфҳои киберӣ;
  • OWASP Top 10 for LLM Applications барои муайян намудани хавфҳои техникии LLM ва GenAI.

Стандарти ISO/IEC 42001 метавонад ҳамчун заминаи методологӣ барои ташаккули низоми идоракунии зеҳни сунъӣ дар ташкилоти давлатӣ истифода шавад, дар ҳоле ки стандарти ISO/IEC 27001 метавонад қисми амнияти иттилоотиро фаро гирад.

Тоҷикистон дар сатҳи глобалӣ мавқеи фаъолро дар мавзуи зеҳни сунъӣ ишғол кардааст. 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул кард. Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод шуда буд. Дар доираи иҷрои ин қатънома дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад, ки самтҳои асосии он ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки омӯзиш ва дастгирии стартапҳо, лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, шабакаи марказҳои ҷамъоварии маълумот, ҳамоҳангсозии принсипҳои умумии мудирияти масъулиятноки зеҳни сунъӣ ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ мебошад.

Ин ташаббус аҳаммияти стратегӣ дорад, зеро нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаи зеҳни сунъиро на танҳо ҳамчун воситаи технологӣ, балки ҳамчун самти ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор баррасӣ менамояд.

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 инҷониб 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон мегардад.

Қабули ин қатънома идомаи мантиқии сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Ин ташаббус дар заминаи пешниҳодҳои қаблан пешгузоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ ташаккул ёфта, аз ҷумла ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» такя менамояд.

Интихоби 31 август барои таҷлили Рӯзи байналмилалӣ дорои аҳаммияти хоси таърихӣ мебошад. Маҳз 31 августи соли 1955 пешниҳоди баргузории лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд. Ин иқдоми илмӣ дар таърихи ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун самти мустақили таҳқиқоти илмӣ нақши муҳим дошта, бо пайдоиш ва ба таври васеъ пазируфта шудани мафҳуми «зеҳни сунъӣ» иртибот дорад.

Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод барои ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи доимӣ ва фарогиреро ҷиҳати таҳкими таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ, танзим ва идоракунии масъулонаи зеҳни сунъӣ фароҳам месозад.

Ҳамзамон таҷлили солонаи ин рӯз ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷрибаҳои пешрафта, густариши муколамаи байнидавлатӣ ва пешбурди роҳҳои муассири истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Дар қатънома ба ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии алоқа, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба технологияҳои рақамӣ ва навин, Бонки технологии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои камтараққикарда ва ЮНЕСКО даъват ба амал оварда мешавад, ки ба давлатҳои аъзо дар таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иқтидорҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, барои таҷлили ҳамасолаи Рӯзи байналмилалии мазкур заминаи зарурӣ фароҳам оваранд.

Қабули чунин қатънома саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ буда, бори дигар аз мавқеи созанда ва сиёсати пайгиронаи кишвар дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дарак медиҳад. Ин иқдом инчунин собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди зеҳни сунъӣ бар пояи принсипҳои бехатарӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, эътимоднокӣ, масъулиятшиносӣ ва истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии тамоми инсоният мебошад.

Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод қадами муҳим дар самти ташаккули рӯзномаи ягонаи байналмилалӣ оид ба идоракунии масъулонаи технологияҳои рақамӣ буда, мавқеи фаъоли Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ бозгӯйӣ менамояд.

Таҳлили равандҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки масъалаи асосии марҳилаи нав танҳо «Зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи амнияти киберӣ» нест. Масъалаи муҳимтар ин ҳифзи худи низомҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Кӯшиши фиреб додани зеҳни сунъӣ тавассути ворид кардани дастури зараровар, ифшои маълумоти ҳассос, ҳамла ба занҷири таъминот, заҳролудкунии додаҳо ё модел, коркарди нодурусти натиҷаи зеҳни сунъӣ, додани ваколатҳои аз ҳад зиёд ба зеҳни сунъӣ ё агенти он, ошкор шудани дастурҳои дохилии низом ва дигар хавфҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун дороии нави рақамӣ бо сатҳ ё тамоми нуқтаҳое, ки тавассути онҳо ҳамлагар метавонад ба низом ҳамла кунад ё ворид шавад, баррасӣ карда шавад.

Аз ин рӯ, ояндаи амнияти киберӣ ба се самти бо ҳам алоқаманд -AI for Cybersecurity — истифодаи зеҳни сунъӣ барои муҳофизат, Security of AI — ҳифзи худи низомҳои зеҳни сунъӣ ва AI Governance — идоракунии хавф, масъулият ва истифодаи боэътимоди зеҳни сунъӣ. такя хоҳад кард.

Барои Тоҷикистон масъалаи асосӣ танҳо дар он нест, ки зеҳни сунъӣ бояд истифода шавад ё не. Ҷавоби ин савол аллакай равшан аст, он бояд истифода шавад. Вале, он бояд бо марҳилабандии возеҳ, арзёбии хавф, заминаи ҳуқуқӣ, ҳифзи маълумот, омодасозии кадрҳо ва назорати инсонӣ анҷом дода шавад.

Дар марҳилаи аввал бояд истифодаи зеҳни сунъӣ дар вазифаҳои таҳлилӣ ва камхатар афзалият дошта бошад. Гузариш ба вокуниши худкор ва агентҳои дорои ваколатҳои васеъ танҳо пас аз ташаккули механизмҳои зарурии назорат, аудит, санҷиш ва масъулият анҷом дода шавад. Барои Тоҷикистон ин раванд ҳамзамон имконияти стратегӣ низ мебошад. Ташаббуси кишвар дар қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аллакай дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ мавқеи фаъол дорад. Қадами минбаъда метавонад табдил додани ин мавқеи байналмилалӣ ба иқтидори миллӣ дар самти амнияти зеҳни сунъӣ бошад.Дар чунин ҳолат Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе метавонад на танҳо платформаи рушди зеҳни сунъӣ, балки яке аз марказҳои ташаккули дониш, кадрҳо, таҳқиқот ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амнияти зеҳни сунъӣ гардад.

Дар ниҳоят, рақобати оянда танҳо барои сохтани моделҳои пуриқтидортар нахоҳад буд. Рақобати асосӣ барои сохтани моделҳои бехатар, низомҳои ҳифзшуда, қарорҳои боэътимод ва механизмҳои самараноки идоракунии хавфҳо хоҳад буд. Зеҳни сунъӣ метавонад қобилияти мудофиаи кибериро ба сатҳи нав бардорад. Аммо танҳо дар ҳолате, ки рушди он аз рушди амният ақиб намонад.

Фирдавс ШОҲЗОДА,
сардори раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумоти
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид