Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 13 сентябр дар ҷумҳурӣ зиёдшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба амал меояд. Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба мамлакат хокбориш ворид мегардад.
– Чангу ғубор яке аз омилҳои муҳити зист ба шумор меравад, ки ҳангоми зиёд шудан метавонад ба саломатии инсон, бахусус ҳангоми нафаскашӣ таъсири манфӣ расонад. Зарраҳои майдаи ғубор метавонанд ба роҳҳои нафас ворид шуда, боиси сулфа, озори гулӯ, душвории нафаскашӣ ва шиддат гирифтани баъзе бемориҳои роҳи нафас гарданд.
Дар вазъи номусоиди ҳаво таъсири чангу ғубор ба кӯдакон, шахсони солхӯрда ва нафароне, ки ба бемориҳои роҳи нафас гирифторанд, бештар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, дар чунин рӯзҳо риояи қоидаҳои одии беҳдоштӣ ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда муҳим мебошад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки ҳангоми зиёд будани чангу ғубор сокинон то ҳадди имкон гаштани худро дар ҳавои кушод маҳдуд намоянд. Хусусан аз анҷоми корҳои ҷисмонӣ ва машқҳои варзишии зиёд дар кӯча худдорӣ кардан зарур аст, зеро ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ нафаскашӣ зиёд шуда, миқдори бештари зарраҳои ғубор ба роҳҳои нафас ворид мегардад.
Ҳангоми зиёд будани чангу ғубор дар ҳаво тиреза ва дарҳои хонаҳоро баста нигоҳ доштан ва воридшавии ҳавои пурғуборро ба дохили бино маҳдуд намудан муҳим аст. Коршиносон таъкид мекунанд, ки тозакунии хона низ бояд бо усули дуруст анҷом дода шавад. Истифодаи усули тозакунии намнок имкон медиҳад, ки ғубори ҷамъшуда дубора ба ҳаво паҳн нашавад. Пас аз бозгашт аз кӯча шустани дасту рӯй ва иваз намудани либоси беруна низ аз ҷумлаи тадбирҳои одии беҳдоштӣ мебошад.
Дар вақти пайдо шудани аломатҳо, аз қабили сулфаи давомдор, нафастангӣ, душвории нафаскашӣ, дарди қафаси сина ё шиддат гирифтани бемориҳои қаблии роҳи нафас ба табиб муроҷиат намудан зарур аст. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо бештар оби тоза бояд нӯшид, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литраш оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст.
Риояи ин тавсияҳо метавонад таъсири манфии чангу ғуборро коҳиш дода, ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар рӯзҳои сатҳи баланди ғуборолудии ҳаво мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






