Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои дуюми муосири Boeing 737-8 MAX-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» фуруд омад, ки ба номи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шудааст.
Дар маросими қабули ҳавопаймо роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагони сохторҳои дахлдор ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Ворид гардидани ҳавопаймои нав идомаи раванди навсозии парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори авиатсияи граждании мамлакат ба ҳисоб меравад. Он барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити мусофиркашонӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва васеъ намудани ҷуғрофияи хатсайрҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аввали моҳи августи соли 2026 ба парки «Сомон Эйр» нахустин ҳавопаймои муосири Boeing 737-8 MAX ворид гардида, он ба ифтихори донишманди барҷастаи тоҷик, файласуф ва табиби маъруфи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст. Ворид намудани ҳавопаймои дуюми ҳамин навъ моҳи сентябр ба нақша гирифта шуда буд.
Ҳавопаймоҳои нави Boeing 737-8 MAX дорои имкониятҳои бештари техникӣ буда, метавонанд парвозҳои муттасили то 8–9-соатаро анҷом диҳанд. Ин имконият барои роҳандозии хатсайрҳои мустақим ба самтҳои дур ва васеъ намудани шабакаи парвозҳои байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қабули ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX дар ҳолест, ки ширкати «Сомон Эйр» дар моҳи август бо истифода аз ҳамин навъи ҳавопаймо парвози мустақими Душанбе–Минскро ба роҳ монд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2025 ширкати «Сомон Эйр» бо ширкати лизингии амрикоии DAE Capital барои харидории ду ҳавопаймои нави Boeing 737-8 созишнома ба имзо расонида буд.
Номгузории ҳавопаймоҳо ба номи чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва фарҳанги тоҷик идомаи анъанаи «Сомон Эйр» буда, ба арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик равона шудааст.
Ворид гардидани ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX барои рушди минбаъдаи нақлиёти ҳавоӣ, афзоиши имкониятҳои мусофиркашонӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Радиои «Садои Душанбе»














Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






