Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд

Сентябрь 1, 2026 09:11

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии «Амина» барои ҳама категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия бо тартиби бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд.

Барномаи мобилии «Амина» то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мешуд. Акнун доираи истифодабарандагони ин барнома васеъ гардида, ҳамчун воситаи рақамии бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ истифода мешавад.

Аз ҷумла, тавассути ин барнома шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд ҷойи зисти худро ба қайд гиранд.

Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷии ноболиғ тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ бояд ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия вобаста ба ҷойи зист муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барномаи мобилии «Амина»-ро мустақилона насб намоянд. Барои ворид шудан ба барномаи мобилӣ корти амалкунандаи шаҳрванди хориҷӣ зарур аст, ки он дар Маркази муҳоҷирати бисёрфунксионалӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ҳолати гум шудани корт ворид шудан ба барнома тавассути маълумоти шиноснома низ имконпазир мебошад.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

Сентябрь 1, 2026 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд