Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Сентябрь 10, 2026 11:21

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чойхонаҳои миллии тоҷикӣ ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму адаб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дӯстдорони суруду таронаҳои дилнишин иштирок намуданд. Ҳамчунин барномаи рангини аҳли фарҳанг манзури тамошобинон гардонида шуд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши молу маҳсулот оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои мардумӣ, инчунин китобҳои олимону муҳаққиқону русу тоҷик дар бораи заминаҳои ташаккули халқи тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2026 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд