Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи байналмилалии «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Вестминстер (Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, санад ба таври маҷозӣ аз ҷониби ректорони ҳарду донишгоҳ ба имзо расид.
Иброз гардид, ки санад барои таҳким ва густариши ҳамкории илмӣ – таълимӣ ва байналмилалии ҷонибҳо замина фароҳам меорад. Он самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ, ташкили даврҳои омӯзишӣ, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, баргузории конференсияҳо, симпозиумҳо ва машғулият, инчунин ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти баъдидипломиро дар бар мегирад.
Ёддошти тафоҳум ба рушди иқтидори касбии омӯзгорон, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тавсеаи робитаҳои байналмилалии ҳарду донишгоҳ мусоидат мекунад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






