Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Брест баргузор гардид, Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобили натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Имзои ин санад ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Русия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина доир ба беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ табодули назар карда шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






