Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид

Сентябрь 30, 2026 19:44

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Қазон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фазои эътимод ва муколамаи созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқии дуҷонибаро, ки ба робитаҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос меёбанд, баррасӣ карданд.

Дар рафти музокирот ҳамчунин масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, истирдоди ҷинояткорон, инчунин тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Хусусан, масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқҳои қонунӣ, манфиатҳо ва кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Федератсияи Русия кору зиндагӣ менамоянд, инчунин механизмҳои вокуниши фаврӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муфассал баррасӣ шуданд.

Натиҷаи муҳимтарини музокирот баимзорасонии Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия гардид. Ин ҳуҷҷат афзалиятҳои асосии кори якҷояи мақомотҳоро дар оянда муайян хоҳад кард.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2026 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид