Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъкид гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 360 бинои муассисаи таълимӣ бо 37 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Имрӯзҳо сохтмони боз 26 бинои муассисаи таълимӣ барои 4500 нафар хонанда идома дорад.
Дар солҳои 1998 — 2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 ҷавони ин ноҳияҳо, аз ҷумла 1900 духтар бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қабул шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид






