«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд

Сентябрь 14, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода иброз дошт, даври якуми озмун дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз гардида, то 10 октябр идома меёбад. Даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 17 октябр гузаронида мешавад. Баргузории даври вилоятии озмун то 21 октябр ба нақша гирифта шудааст. Даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун охири моҳи октябр баргузор мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Ниомномаи озмун ғолибон аз рӯйи талабот ва меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:

– нақши ҳамсар дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва нигоҳдории муҳити солими оила;

– муносибати самимӣ, эҳтиромона ва масъулиятноки ҳамсар бо дигар аъзои оила;

– саҳми ҳамсар дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ташаккули шахсияти онҳо;

– иштироки фаъолонаи ҳамсар дар пешгирии низоъҳои оилавӣ ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва маслиҳат;

– касбу ҳунаромӯзӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун омили таҳкими иқтисодӣ ва пойдории оила;

– саҳми ҳамсар дар сарфаю сариштакорӣ, рӯзгордорӣ ва идоракунии дурусти буҷети оила;

– саҳми ҳамсар дар ободонӣ ва беҳдошти хона, кӯча, маҳалла ва муҳити зист;

– иштироки ҳамсар дар ҳифз ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, анъана ва расму оинҳои неки миллӣ;

– мусоидат ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва рушди қобилияти фарзандон;

– тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, эҳтироми қонун ва арзишҳои миллӣ;

– сафарбар намудани фарзандон ба хизмати Модар–Ватан ва дастгирии онҳо дар иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ;

– иштироки фаъолонаи фарзандон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;

– нигоҳубин ва эҳтироми падару модар ва дигар аъзои калонсоли оила;

– саҳми ҳамсар дар пешгирии таъсири омилҳои номатлуб ба муносибатҳои оилавӣ.

Ҳадафи озмун аз баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва нигоҳдорандаи арзиши миллӣ-маънавӣ ва ахлоқӣ, маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон, тарбияи дурусти насли солиму ояндасози миллат, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа, боло бурдани маърифатии ҳуқуқии аъзои оила ва рӯзгордории оилаҳо иборат мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 14, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд