Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Сино бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» низ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ ва ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои муосир равона шудааст.
Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор мегардад.
Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 85 ҳазору 662 нафар иштирок намуда, 7 ҳазору 484 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм 7 ҳазору 484 нафар иштирок карда, 602 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
Даври шаҳрии озмун бо иштироки довталабони беҳтарин аз муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардида, ҳайати ҳакамонро мутахассисони соҳибтаҷриба ва сатҳи баланди касбӣ ташкил медиҳанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






