Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Шарифобод» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зеристгоҳ яке аз иншооти муҳими инфрасохтори энергетикии вилоят ба ҳисоб рафта, барои қабул, интиқол ва тақсимоти боэътимоди энергияи барқ дар шабакаи минтақавӣ пешбинӣ гардидааст.
Зеристгоҳи «Шарифобод» ҳамчун маркази муҳими гиреҳии шабакаи барқӣ ба пайваст намудани хатҳои интиқоли барқ, танзиму тақсимоти иқтидор ва беҳтар намудани идоракунии ҷараёни энергияи барқ дар самтҳои гуногуни шабака мусоидат хоҳад намуд.
Сохтмони иншоот дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори энергетикӣ ва таҳкими шабакаҳои барқӣ дар вилоят амалӣ шуда, ба баланд бардоштани устуворӣ, эътимоднокӣ ва сифати таъминоти энергияи барқ мусоидат менамояд. Зеристгоҳи нав ҳамчунин барои фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои содироти энергияи барқ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо рафти оғози корҳои сохтмонӣ ба масъулин оид ба риояи талаботи меъёрҳои техникӣ, сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъмини иҷрои саривақтии марҳилаҳои пешбинишудаи лоиҳа дастур дода шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






