Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст

Сентябрь 10, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 сентябр дар ҷумҳурӣ зиёдшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво аз 11 то 13 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад) ба амал меояд.

Дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд. Инчунин бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои дорои хавфи сел сафар накунанд. Кӯдакон, шахсони калонсол, занони ҳомила ва нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас аз таъсири гармӣ ва чангу ғубор худро муҳофизат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд