Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд

Сентябрь 30, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии молиявии Sibos 2026 мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндаи Commerzbank AG баргузор гардида, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои касбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи стандартҳои нави SWIFT, рушди низомҳои пардохт, рақамикунонии равандҳои бонкӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори молиявӣ ба талаботи муосири байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар ин замина идомаи табодули таҷрибаи амалӣ ва баргузории машваратҳои корӣ байни мутахассисони соҳавӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида, аҳаммияти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани эътимоднокӣ, самаранокӣ ва устувории низомҳои пардохтӣ изҳор шуд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои иқтисоди «сабз» ва маблағгузории сабз, рушди механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои устувор, инчунин идоракунии захираҳои байналмилалӣ, аз ҷумла истифодаи воситаҳои муосири молиявӣ ва равишҳои муосири идоракунии дороиҳоро бо назардошти принсипҳои амният, пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҳавасмандӣ ба густариши робитаҳои касбӣ, баргузории машваратҳои муштарак ва нигоҳ доштани муколамаи мунтазами корӣ доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.

       АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Сентябрь 30, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд