Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода иброз дошт, ки «солҳои охир ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ дар доираи созмон табдил ёфтааст. Ҷаласаҳои мо имконияти муколамаи касбӣ, мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати рақобатиро фароҳам меоранд. Дар шароити муосир таъмини рақобати одилона ва самаранок аҳаммияти хосса пайдо мекунад».
Имрӯз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи сиёсати рақобат бо якчанд масъалаҳои муштарак рӯ ба рӯ мебошанд. Рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, афзоиши нақши платформаҳои рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, аҳаммияти рӯзафзуни маълумот ҳамчун захираи иқтисодӣ ва пайдоиши моделҳои нави соҳибкорӣ тақозо менамоянд, ки сиёсати рақобат ва танзими зиддиинҳисорӣ мутобиқ ба талаботи замон пайваста такмил дода шаванд.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди рақобати солим ва фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои бозор таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои татбиқи сиёсати рақобат мунтазам фаъолият мекунад.
«Яке аз натиҷаҳои муҳими ин фаъолият таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва рушди рақобат» дар таҳрири нав мебошад. Таҳрири нави қонун бо назардошти тамоюлҳои муосири рушди иқтисодиёт, таҷрибаи байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифзи рақобат таҳия гардидааст»,- гуфт Ҳайдаралӣ Раҷабзода.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи рақобат аҳамияти бештар пайдо мекунад. Барои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи таҷриба, таҷрибаи пешқадам ва маълумот дар масъалаҳои татбиқи сиёсати рақобат метавонад ба таҳияи механизмҳои самараноки ҳифзи рақобат ва вокуниш ба мушкилоти нави бозор мусоидат намояд.
Иштирокдорон иҷрои қарорҳои ҷаласаи роҳбарони мақомоти кишварҳои аъзои созмонро, ки моҳи апрели соли 2025 дар шаҳри Москва баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Инчунин тамоюлҳои муосири рушди сиёсати рақобат ва такмили танзими зиддиинҳисорӣ, дурнамои ҳамкорӣ байни мақомоти зиддиинҳисории кишварҳои аъзои созмон, санаҳо ва макони баргузории ҷаласаи навбатӣ ва ғайраро муҳокима намуданд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






