Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид

Сентябрь 6, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба эълон гардидани 31 август Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, 5 сентябр дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали кушоди шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «AI ALLEY» ё «Хиёбони зеҳни сунъӣ» баргузор гардида, сокинону меҳмонони пойтахтро бо имконоти навтарини зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ шинос намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Фестивали кушоди шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «AI ALLEY» ё «Хиёбони зеҳни сунъӣ» бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи он рушди маърифати рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба технологияҳои муосир ва фароҳам овардани майдони муносиб барои муаррифии роҳҳалҳои инноватсионӣ мебошад.

Дар фестивал ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таҳиягарон иштирок намуда, таҷриба ва маҳсулоти худро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуданд. Барномаи фестивал намоиши технологияҳо, дарсҳои маҳорат, маърузаҳои кӯтоҳ, машғулияти амалӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивиро фаро гирифт.

«AI ALLEY» («Хиёбони зеҳни сунъӣ») дар чор минтақаи асосӣ -саҳнаи асосӣ («MAIN STAGE») бо барномаи расмии ифтитоҳ, баромадҳои амалӣ, намоиши технологияҳо, озмунҳо ва маросими ҷоизасупорӣ, минтақаи намоишӣ («EXHIBITION ZONE») барои муаррифии дастовардҳо, маҳсулот ва роҳҳалҳои технологии ширкатҳои IT, стартапҳо ва муассисаҳои таълимӣ, минтақаи омӯзишии зеҳни сунъӣ («AI EDUCATION ZONE») – барои баргузории дарсҳои амалӣ ва маҳорат, маърузаҳои кӯтоҳ ва машваратҳои касбӣ дар самти зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва минтақаи фароғатии зеҳни сунъӣ («AI DISCO ZONE») бо мусиқӣ, эффектҳои визуалии рақамӣ, иштироки роботи DJ, бозиҳо ва барномаҳои интерактивӣ ташкил карда шуд.

Дар ҳар минтақаи фестивал имконоти истифодаи амалии зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба таври мустақим ва интерактивӣ муаррифӣ гардида, иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки бо технологияҳои муосир аз наздик шинос шаванд. Ҳамзамон дар доираи фестивал озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ баргузор гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Баргузории Фестивали «AI ALLEY» ба он рабт дорад, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он шуруъ аз соли 2027 минбаъд ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955 пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.

Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем