Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Сентябрь 25, 2026 18:04

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон таҳти унвони «Барқарорсозии эътимод дар шароити ҷаҳони пароканда: Қафқози Ҷанубӣ ҳамчун такягоҳи ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва суботи сармоягузорӣ» баргузор гардид. Дар кори форум аз Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар форум намояндаи Тоҷикистон имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Инчунин оид ба иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили фазои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтор, тавсеаи дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, омода ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина таваҷҷуҳи иштирокчиёни форум ба имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд