Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 9, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Исломбек Зоирзода зимни суханронӣ аз саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардид.

Таъкид карда шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи пуршарафи давлатсозиву давлатдориро тай намуда, имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мақому мавқеи арзандаи худро касб намудааст.

Иброз гардид, ки Истиқлол барои мардуми тоҷик танҳо рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ набуда, балки заминаи воқеии эҳёи давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад. Дар ин давраи таърихӣ соҳаи маориф низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибкасб, ватандӯст ва созанда имкониятҳои фаровон муҳайё гардиданд.

Дар идома гуфта шуд, ки ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар роҳи амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қисмати фарҳангии ҳамоиш бо иштироки фаъоли донишҷӯёни соҳибистеъдод баргузор гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Ватан, сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ пешниҳод гардид.

 

АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Сентябрь 9, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд