Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд

Сентябрь 8, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Неруи зеҳнӣ»-и Маркази миллии патенту иттилоти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ.

Дар ҷамъомад директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Умед Содиқиён дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши сулҳу суботро дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузурги таърихӣ буда, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоиди рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фароҳам омадаанд. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш чанд нафар аз фаъолони ташкилот барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва Сипосномаю нишонҳои ҷашнии Маркази миллии патенту иттилоот қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд