Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд

Сентябрь 24, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иҷлосияи XXIX Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори иҷлосия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин саридора хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шурои байниҳукуматӣ, роҳбарону масъулони мақомоти соҳавии геологияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд. Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба усулҳо ва равишҳои муосири омӯзиши минтақавии геологии қаъри замин ва харитасозии геологӣ, амалӣ намудани технологияҳои иттилоотии муосир дар соҳаи омӯзиши геологӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти корҳои иктишофи геологӣ, ҷалби ҷавонон ба соҳаи геология ва истифодаи оқилонаи захираҳои қаъри замин баррасӣ гардиданд.

Инчунин масъалаҳои мубрами рушди соҳаи геология, ки барои давлатҳои иштирокдор аҳамияти муштарак доранд, муҳокима шуданд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои қарорҳои Шурои байниҳукуматӣ ва татбиқи «Нақшаи дурнамои корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023–2030» маълумот пешниҳод намуд.

Натиҷаҳои корҳои анҷомдода дар самтҳои афзалиятноки соҳаи геологияи мамлакат, аз ҷумла омӯзиш ва харитасозии геологии қаъри замин, таҳқиқи захираҳои минералӣ, рақамикунонии маълумоти геологӣ, мониторинги равандҳои хатарноки геологӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили низоми таснифоти захираҳои канданиҳои фоиданок муаррифӣ гардиданд.

Дар ҷаласа аъзои Шуро оид ба натиҷаҳои фаъолияти хадамоти геологии кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи аз моҳи сентябри соли 2025 то сентябри соли 2026, аз ҷумла барои иҷрои қарорҳои иҷлосияи XXVIII Шурои байниҳукуматӣ ва татбиқи Нақшаи дурнамои корҳои муштарак барои солҳои 2023–2030 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия масъалаҳо оид ба идомаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи геология ва иҷрои қарорҳои қабулшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд