Дар Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Москва ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир шуда, дар он роҳбарият ва кормандони Сафорат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар Россия, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид намуд, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо марҳалаи муҳими таърихӣ, балки давраи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди мустақили давлат ба ҳисоб меравад.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ, бавижа дар соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва табъу нашр, инчунин доир ба саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон ба ҳозирин иттилоъ дод.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба рушди ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар хориҷи мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»












Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






