Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангии Русия, вакилони Парлумон, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз муҳимтарин дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ёдовар шуда, саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории муосири тоҷик, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди мунтазами кишвар махсус таъкид намуд.
Дар идома Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов, Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев ва муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин сухан гуфта, сатҳи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Русияро баланд арзёбӣ карданд ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстию шарикии стратегӣ байни ду давлат изҳори боварӣ намуд.
Ба меҳмонон барномаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки сарояндагони боистеъдод ва суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш намоиши ҳунарҳои миллӣ ташкил гардид, ки дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, сузаниву попурӣ, гулдӯзии «чакан» ва асарҳои ҳунармандони тоҷик ба маъраз гузошта шуда, барои меҳмонон дастархони тоҷикона бо таомҳои миллӣ ва меваҳои тару тозаи ватанӣ ороста шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






