Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманди мамлакат, аз ҷумла сокинони ноҳия на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки омили асосии сулҳу субот, бунёдкориву пешрафт мебошад.
Маҳз бо шарофати истиқлол ва роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуда, сиёсати хоси дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҳашари тозагии кӯчаю маҳаллаҳоро мегузаронанд. Сокинон ҳафтае ду маротиба ба ҳашар баромада, муҳити атрофро тоза менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






