Дар ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
РАШТ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар деҳаҳои Амирбек, Шулонак, Ярхаб ва Хулаки ноҳияи Рашт майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, фабрикаи мурғпарварӣ, бинои нави таълимӣ барои 160 хонанда ва мумфаршгардонии 9 километр роҳҳои маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода сокинони ин деҳаҳоро бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷавҳари ҳастии миллат, волотарин арзиш ва рамзи соҳибихтиёриву шукуфоӣ мебошад. Баробари ба даст овардани истиқлолият ин неъмати бебаҳо ба озодиву ободӣ, нуру сафо ва осоиштагию ҳамфикрӣ эҳё бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро барқарор намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем».
Иншооти баистифодадода бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ, осон шудани рафтуомади сокинон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон бунёд гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи мурғпарварӣ дар марҳилаи аввал барои 10 ҳазор сар мурғ буда, истеҳсолот дар оянда марҳила ба марҳила афзоиш дода мешавад. Фабрикаи мурғпарварӣ ба истеҳсоли тухми хушсифат равона гардида, барои таъсиси даҳҳо ҷойи нави кор замина фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар деҳаи Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинон дар муҳлати кӯтоҳ дар ҷойи бинои таълимии бар асари заминларза харобгардида бинои нави таълимӣ барои 160 хонанда бунёд карда шуд. Ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон пурра бартараф гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






