Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар доираи иҷлосияи 81‑уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва Раиси СММ-захираҳои об (UN‑Water) Алваро Ларио мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамкории устувор ва шарикии Тоҷикистонро бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва СММ-захираҳои об таъкид намуда, омодагии кишварро барои пешбурди раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар Душанбе, ба хусус дар пасманзари қабули якдилонаи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба ҷузъиёти конфронс иброз дошт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро дар самтҳои авлавиятнок, мутобиқ ба ваколатҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва СММ-захираҳои об, аз ҷумла таҳкими ҳамкории ҷаҳонии об, дастгирии устувории деҳот ва пешбурди рушди устувор идома диҳанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд






