Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 30, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026», ки 29 сентябр дар Душанбе оғоз  гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо директори ширкати «Бейонд Инвестментс Груп» Леандро Словински мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ин мулоқот метавонад барои густариши робитаҳо ва муайян кардани самтҳои ҳамкории минбаъда замина гузорад. Ҷалби сармояи шарикони байналмилалӣ бо назардошти имконоти  кишвар метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Сентябрь 30, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд