Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Масқат бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар чорабинӣ ҳайати Ҳукумати Салтанати Умон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон доктор Сауд ибни Ҳамуд ибни Аҳмад Ал-Ҳабсӣ, аъзои Маҷлиси Давлат ва Маҷлиси Шуро, муовинони вазири корҳои хориҷӣ, роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии муқими Салтанати Умон, намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии кишвари иқомат, инчунин ҳамватанони муқими Умон иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода оид ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ сухан намуд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори мамлакат ва пешбурди сиёсати созандаи хориҷии Тоҷикистон таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сиёсати сулҳҷӯёна ва созанда дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани ҷойгоҳ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҳозирин ба ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ҷалб карда шуд. Дар ин зимн, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамчун иқдоми муҳим дар самти мусоидат ба таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва пешбурди фарҳанги сулҳ махсус таъкид гардид.
Дар идомаи нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоду пешбурди ташаббусҳои глобалӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ махсус қайд карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ барои муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои Тоҷикистон ва Умон, инчунин мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон











Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






