Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо намояндагон ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон ва кормандони ҳуҷраҳои маҳсгароӣ, марказҳо ва ҳуҷраҳои косметологӣ, инчунин кошонаҳои ҳусн иштирок намуда, зимни он масъалаҳои муҳими риояи талаботи қоидаву меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, таъмини муҳити солими хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти кормандони соҳаи хизматрасонӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби санитарию эпидемиологӣ, таъмин намудани шароити мусоиди хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои мазкур мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва қоидаву меъёрҳои амалкунандаи санитарию эпидемиологӣ мебошад.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода таъкид намуд, ки риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Изҳор гардид, ки имрӯз аҳолӣ аз хизматрасонии ҳуҷраҳои маҳсгароӣ, марказҳои косметологӣ ва кошонаҳои ҳусн васеъ истифода мебарад ва аз ин рӯ, масъулияти соҳибмулкон ва кормандони ин муассисаҳо ҷиҳати таъмини бехатарии санитарӣ ва пешгирии эҳтимоли паҳншавии бемориҳои гуногун бештар мегардад.
Муовини директори Марказ Мачнун Орипов оид ба ҳолати санитарию эпидемиологии муассисаҳои хизматрасонӣ маърӯза намуда, масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи санитарию гигиенӣ, ҳолати санитарии ҷойҳои хизматрасонӣ ва зарурати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин муовини директори Марказ Таҳмина Усмонова оид ба роҳҳои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ маърӯза карда, ба иштирокчиён вобаста ба аҳамияти риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ, безараргардонии асбобу таҷҳизот ва пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ тавсияҳо пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба масъалаҳои муҳими таъмини тозагӣ ва ҳолати хуби санитарии биноҳо, ҷойҳои хизматрасонӣ ва утоқҳои корӣ, истифодаи дурусти асбобу таҷҳизот, безараргардонӣ ва нигоҳдории онҳо, риояи талаботи беҳдошти шахсӣ аз ҷониби кормандон, инчунин истифодаи маводи босифат ва бехатар таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як асбобу таҷҳизоте, ки ҳангоми хизматрасонӣ истифода мешавад, бояд тибқи талаботи муқарраргардида тоза, коркард ва безарар гардонида шавад. Бепарвоӣ нисбат ба ин масъала метавонад ба пайдоиш ва паҳншавии баъзе бемориҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб оварда расонад.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷониби мутахассисони Марказ ба масъулин пешниҳодҳои санитарию эпидемиологӣ дода шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва ҳатмии пешниҳодҳои санитарию эпидемиологӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги санитарӣ ва таъмин намудани хизматрасонии босифату бехатар аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобила, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги санитарӣ ва таъмини риояи талаботи қоидаву меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ иброз намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






