Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи аксҳоро таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» дар Теҳрон доир намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, дар ин намоишгоҳ 40 акс, ки чеҳраи муосири Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, ҷозибаҳои сайёҳӣ, табиати зебову нотакрори кишвар ва эҳёи суннатҳо ва ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷикро инъикос мекунанд, ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иброз намуд, ки аксҳои намоишгоҳ ривояте аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатӣ буда, ҳар кадом аз аксҳо порае аз таҳаввулоти хушоянд дар зиндагии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистонро муҷассам мекунад.
Сафири Тоҷикистон дар идома афзуд, ки аксҳои намоишгоҳ дар маҷмуъ чеҳраи зебову ботаровати Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ мекунанд. Дар ин чеҳраи ҷадиди Тоҷикистон метавон ҳам нафаси асри навро эҳсос кард ва ҳам нишонаҳои фарҳанги қадимии тоҷикро дид. Ин пайванди гузашта бо имрӯз на танҳо яке аз вижагиҳои ҷолиби ҳунар, меъморӣ, фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон маҳсуб мешавад, балки заминаи мусоидро барои эҷоди фардои равшани кишвар фароҳам меорад.
Дар идома раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) Муҳаммад Ҳасан зимни тамҷид аз иқдоми Сафорати Тоҷикистон барои баргузории намоишгоҳи мазкур онро намунае аз рушди бесобиқаи Тоҷикистон дар сеюним даҳсола унвон кард. Изҳор гардид, ки ин амр барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон барои тамошобинони эронӣ ва хориҷии муқими Эрон аз аҳамияти муҳим бархурдор аст.
Намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор шуда, ба муддати се рӯз — аз 7 то 10 сентябри соли 2026 дар Нигорхонаи муассисаи мазкур ба рӯи алоқамандон боз хоҳад буд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон













Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид






