Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид

Сентябрь 13, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин давра,  аз ҷумла технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти зериплёнкагии чигит бо усулҳои обёрии қатрагӣ ва муқаррарӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосили зироати кишоварзӣ дар як сол, истифодаи сидератсия барои нурии сабз, парвариши зироати равғандиҳанда дар кишти тирамоҳӣ, усулҳои интегратсионии ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, усулҳои такрористеҳсолкунии тухмиҳои элитаю репродуксионии зироати кишоварзӣ ва ғайра татбиқ гардиданд.

Истифодаи самараноки замину об ва иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар чор фасли сол ба роҳ монда шуда, дар баробари таъминоти бозори истеъмолии мамлакат  содирот гардад.

Дар солҳои минбаъда дар баробари рушди соҳа ва нигоҳ доштани устувории амнияти озуқавории мамлакат ба рушди инноватсионии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои корам, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи деҳқонон, минтақабобсозии зироати кишоварзӣ ва таҷрибаи пешқадами иттилоотии технологӣ ва вобаста ба тағйирёбии иқлим оид ба татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 13, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид