Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол–2026» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамзамон дарёфти мутахассисони болаёқат аз 30 апрели соли 2026 то 31 июли соли 2026 эълон гардида буд.
Озмун нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ баргузор шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардонии онҳо дар самти боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муаррифии дастовардҳои табибони кишвар ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустии мамлакат мебошад.
Дар озмун 2226 нафар табибон аз гӯшаву канори мамлакат ба қайд гирифта шуданд. Озмун аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида, тамоми самтҳои асосии фаъолияти тиббӣ, аз ихтисосҳои терапевтӣ ва клиникӣ то ҷарроҳӣ, ташхис, озмоишгоҳ ва дигар самтҳоро фаро гирифт.
Ғолибони озмун бо назардошти сатҳи касбият, таҷриба, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ интихоб гардида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






