Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт

Сентябрь 6, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо таъмин гардидани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳаҷми содироти он низ ба давлатҳои хориҷӣ бештар гардид. Соли 2025 ҳаҷми содирот ба 190,5 ҳазор тонна расида, арзиши он 79,2 миллион долларро ташкил дод.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар таркиби маҳсулот содироти пахта 30-35 фоиз, меваю сабзавот зиёда аз 40 фоиз, меваи хушк қариб 20 фоиз ва дигар маҳсулот — асал ва чормағз афзоиш ёфтаанд.

Имрӯз кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаест, ки барои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум аҳамияти калидӣ дорад. Дастовардҳое, ки дар ин самт ба даст омадаанд, натиҷаи меҳнати деҳқонон, дастгирии давлатӣ ва истифодаи оқилонаи замин мебошанд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, дар таъсиси ҷойи нави кор ва ҷалби сармоя ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мегузорад.

Таъкид гардид, ки шарикони асосӣ оид ба содирот давлатҳои Чин бо 21,1 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот, Нидерланд – 16,3 фоиз, Швейтсария – 13,3 фоиз, Узбекистон – 11,1 фоиз, Русия – 9,7 фоиз, Туркия – 8,6 фоиз, Эрон – 4,5 фоиз, Қазоқистон – 3,4 фоиз, Белгия – 3,3 фоиз ва дигар давлатҳо мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид