Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд

Сентябрь 9, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири меҳнати Салтанати Умон доктор Маҳод ибни Саид ибни Алӣ Боавайн мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Умонро баррасӣ намуда, доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро матраҳ карданд.

Дар рафти суҳбат ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи меҳнат таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки соҳаи меҳнат яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, барои тавсеаи робитаҳои байни сохторҳои дахлдори ду кишвар имкониятҳои мусоид мавҷуд мебошанд.

Тарафҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешрафтаи тарафайнро дар самти сиёсати меҳнат, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин истифодаи самараноки неруи инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки таҳкими робитаҳои байни ниҳодҳои соҳавии ду кишвар ва ба роҳ мондани табодули мунтазами маълумот ва таҷриба метавонад барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар ин замина, ҷонибҳо зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва омӯзиши роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории соҳавиро таъкид намуданд.

Ҳамчунин, масъалаи фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими робитаҳои байни мақомоти масъули соҳаи меҳнати ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ба аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва тақвияти робитаҳои байнидавлатӣ таъкид намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорим Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карданд.

Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон ва Умон бар асоси эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва ҳадафи рушди робитаҳои дуҷониба пайваста густариш хоҳанд ёфт.

Сентябрь 9, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд