Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва заминаи асосии таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Чунин иброз гардид имрӯз зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солгии Истиқлоли давлатӣ.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори мамлакат вазифаи муҳими ҳар корманди соҳаи хизмати давлатӣ мебошад.
Дар идомаи ҷамъомад ба як зумра кормандони вазорат мукофотҳои давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва саҳми арзанда ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардида буданд, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин дигар кормандони фаъоли вазорат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






