Дар вазорату кумита ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд

Сентябрь 7, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои олӣ ва олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин ҳамоиш ва ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Зимни чорабиниҳо иштирокчиён аз аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат ёдовар шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешрафти мамлакат таъкид намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоишҳо иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо ва волотарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар заминаи он барои бунёди рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам омад.

«Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони таърихии эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушди забону фарҳанг ва ҳифзи мероси пурғановати ниёгонро фароҳам овард. Дар ин давра барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд»,– гуфта шуд дар ҷамъомадҳои тантанавӣ, ки дар вазорату кумитаҳои мамлакат доир шуданд.

Таъкид шуд, ки ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимми ҳар шаҳрванди мамлакат буда, саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол масъулияти умумии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид.

«Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти марҳилаи эҳёи давлатдориро паси сар намуда, дар самти таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва рушди соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид», – иброз гардид дар ҳамоишҳои ҷашнӣ.

Дар маҷмуъ, дар доираи ҳамоишҳои тантанавӣ, ки дар вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат  бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, як зумра кормандони фаъол ва хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти пурсамар, хизмати содиқона, саҳми арзанда дар рушди соҳаҳо ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад