Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти кафолатҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомиро дар самти татбиқи кафолатҳо, масъалаҳои сари вақт, пурра ва ба таври дахлдор пешниҳод намудани ҳисобот ва маълумоти зарурӣ ба агентӣ, инчунин тадбирҳои минбаъда барои такмили низоми миллии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроиро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки татбиқи самараноки низоми кафолатҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ, аз ҷумла ба пешниҳоди саривақтии ҳисобот ва эъломияҳои дақиқу мукаммал аз ҷониби давлатҳо ва ҳамкории зичи агентӣ бо мақомоти миллии дахлдор такя менамояд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар соҳаи кафолатҳо изҳор намуда, масъалаҳои баланд бардоштани тахассуси мутахассисони миллӣ, такмили тартиби омода ва пешниҳод намудани ҳисобот, таҳкими низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва амалӣ намудани усул ва воситаҳои муосири агентиро муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории созандаи Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар соҳаи кафолатҳо яке аз ҷузъҳои муҳими сиёсати умумии давлатӣ ба шумор рафта, ба таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирии паҳншавии силоҳи ядроӣ ва рушди минбаъдаи истифодаи осоиштаи илму технологияҳои ядроӣ равона шудааст.
Намояндагони Тоҷикистон инчунин бо ҳайати Департаменти ҳамкории техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории техникии раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориро барои давраҳои минбаъдаи барномавӣ баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, илм ва маориф, инчунин истифодаи васеи дастовардҳои илмҳои ядроӣ ва технологияҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодии давлат зоҳир гардид.
Масъалаҳои марбут ба расонидани дастгирии экспертӣ ва техникӣ дар самти барқарорсозии объектҳо ва партовҳои собиқ саноати урани Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд. Изҳор шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи идоракунии бехатари партовҳои мероси уранӣ ва барқарорсозии минтақаҳои дахлдор мусоидат хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои истифодаи усулҳои муосири ядроӣ ва изотопӣ барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, инчунин таҳкими инфрасохтори дахлдори лабораторӣ баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳамкории техникӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ яке аз воситаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи иқтидори илмию техникии миллӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи ядроӣ дар бахшҳои калидии иқтисод ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






