Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд

Сентябрь 5, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров маросими тантанавии қадршиносии кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ фаъолон, кормандони соҳаҳои гуногун ва шахсоне, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ободонӣ, пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими вилоят ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали «Хизмати шоиста», медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Аз ҷумла, Раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар пешрафту рушди вилоят бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.

Зимни маросим таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш гирифта, барои таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори минтақаҳо тадбирҳои созанда амалӣ намояд.

Иброз гардид, ки дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо меҳнати содиқонаи сокинон, кормандони соҳаҳои гуногун, роҳбарон, мутахассисон, соҳибкорон, омӯзгорон, табибон, фарҳангиён, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар намояндагони ҷомеа пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар ин замина, қадрдонии шахсони фаъол дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи онҳо ва ҳавасмандӣ барои идомаи фаъолияти созанда арзёбӣ гардид.

Маросими тантанавӣ бо таъкиди нақши Истиқлоли давлатӣ дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори мамлакат идома ёфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сентябрь 5, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»