Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад

Сентябрь 24, 2026 17:45

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар вилояти Суғд қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад, ки ин яке аз омилҳои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баён доштанд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи кишоварзон ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ майдони заминҳои обии вилоят 36 ҳазор гектар зиёд гардид. Танҳо дар шаш соли охир 4,8 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 4,6 ҳазор гектар замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 26 миллиард сомонӣ расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки боғдорӣ ҳамчун бахши сердаромад ва ояндадори кишоварзии вилоят давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ рушд карда, майдони боғу токзор ду баробар афзоиш ёфт ва ба 97 ҳазор гектар расонида шуд.

Маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд имрӯз дар бозорҳои хориҷӣ низ мавқеи худро пайдо намуда, танҳо дар соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил додааст.

«Мавҷудияти дарёҳои Сир ва Зарафшон, шабакаҳои бузурги обёрӣ ва беш аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол имконият фароҳам овардааст, ки деҳқонон аз як қитъаи замин ду – се ҳосил рӯёнанд»,–изҳор доштанд Сарвари давлат.

Таъкид карда шуд, ки мардуми заҳматдӯсти вилоят дар истифодаи самараноки замину об таҷрибаи бой доранд ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 24, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид