Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 135,8 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолият мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Аз ҷумла, дар вилоят соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, 23 ҳазору 805 нафар, субъектоне, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мебаранд, 11 ҳазору 795 нафар, соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият мебаранд, 21 ҳазору 921 нафар, шахсони ҳуқуқӣ 9 ҳазору 989 нафар, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 68 ҳазору 297 ададро ташкил медиҳанд.
Давоми 4 соли охир теъдоди соҳибкорон 22 ҳазору 22 нафар ё 19 фоиз зиёд гардидааст.
Дар вилояти Суғд саҳми бахши хусусӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, савдо ва хизматрасонӣ аз 90 фоиз зиёд мебошад.
Дар се соли охир ба иқтисодиёти вилоят сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба маблағи қариб 4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб карда шуданд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли равон ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 713 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 136,7 фоиз мебошад.
Соли 2026 аз ҷониби бахши хусусӣ барои бунёди иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 162 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






