Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад

Сентябрь 1, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 август Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Ҳамзамон моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асос­ҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандон, тартиби даъват намудан, дохил шудан, адои хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз он, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектони дигари раванди ин муносибатҳоро муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 10-и ин қонун, намояндагони дахлдори шаҳру ноҳияҳои мамлакат уҳдадоранд даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муддати як ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд. Дар ин замина бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, равон намоянд.

Масъулин бояд шаҳрвандонро ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд ва ба онҳо имкони сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.

Дар ин замина мақомоти корҳои дохилӣ, хориҷӣ, амният, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ уҳдадоранд, ки маълумоти заруриро дар ин самт пешниҳод намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», нафароне, ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё тамом кардаанд, ҳамчунин нафароне, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Илова бар ин даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дорад ва онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд, то ба балоғат расидани фарзанди дигар муҳлати даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта мешавад. Ҳамчунин нафароне, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакалони халқ интихоб шудаанд (давоми муҳлати ваколат), онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр таҳсил менамоянд (дар давраи таҳсил), омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои кор) ва нафароне, ки дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор менамоянд (дар давраи иҷрои ин кор), муҳлати даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта мешавад.

Ҳамчунин муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани ин шартҳо ба таъхир гузошта мешавад.

Дар қонун омадааст, ки шаҳрвандони то 27-сола (ҷинси мард), ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

Зимнан, барои ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳо андешида шуда, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар макотиби олиро доранд, ҳангоми супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон холҳои иловагӣ дода мешаванд. Илова бар ин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд ҷавононро пас аз хизмати ҳарбӣ бо ҷойи кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Инчунин ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, хизмати ҳарбӣ барои онҳо 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи ин қонун шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро, онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҳамзамон тибқи талаботи ҳамин қонун, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олии касбиро бе омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аз ин муассисаи олии таълимӣ хориҷ мешаванд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро аз даст медиҳанд.

Тибқи талаботи қонун, минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба- аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд