«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи май то 10 сентябри соли 2026 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 687 довталаб ва аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1200 довталаб иштирок намуданд. Аз ин шумора беш аз 200 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври якуми озмун то охири моҳи сентябр идома меёбад. Даври ҷамъбастии озмун моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст. Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад.
Талаботи озмун донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ мебошад.
Тибқи низомномаи озмун, ҷойи якум ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва азхуд кардааст.
Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ
— барои ҷойи якум-20 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб);
— барои ҷойи дуюм-15 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб);
— барои ҷойи сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ)-7 500 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб) муайян гардидааст.
Ба ғолибони даври ниҳоии озмун имкон дода мешавад, ки баъди хатми зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд. Инчунин онҳо бо кори узви ифтихории «Китобхонаи миллӣ», ки ҳуқуқи бемаҳдуди истифода аз шуъбаю бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро доранд, қадрдонӣ мегарданд.
Ғолибони даври ҷамъбастии озмун то се соли оянда ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ карда шудааст, бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






