Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
ДУШАНБЕ, 10.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаи мамлакат дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзишманд гузошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ фаъолона иштирок намуданд. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр дар Театри миллӣ баргузор шуд, баён гардид.
«Бо истифода аз фурсат, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаи мамлакат беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, бо саҳми онҳо 10 ҳазору 170 километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, 273 пул бунёд ва ба истифода дода шуд.
«Умуман дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ, 734 пул бунёд гардидааст», — тазаккур доданд Роҳбари давлат.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






