Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 25 соли охир, яъне баъд аз бартараф кардани хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва барқарорсозии баъдиҷангӣ рушди миёнаи солонаи иқтисоди миллӣ беш аз 7,7 фоизро ташкил дода, ҳоло Тоҷикистон дар сафи кишварҳои босуръат тараққикунанда қарор гирифтааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 ба 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, қариб 100 баробар афзоиш ёфт.
Даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 ба 65 миллиард сомонӣ дар соли 2026 расида, беш аз 250 баробар зиёд гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






