Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст:

***

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро бо санаи фархунда — 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям!

Дар солҳои рушди соҳибихтиёрӣ кишвари Шумо таҳти роҳбарии обрӯмандона ва оқилонаи Шумо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардид.

Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони муосир барҳақ бо номи Шумо рабт мегиранд. Шумо дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳми таърихӣ гузошта, барои пешрафти пайваста ва дарозмуддати давлати Тоҷикистон заминаи устувор гузоштед.

Итминон дорам, ки Тоҷикистони бародар бо пайравӣ аз раванди стратегии Пешвои Миллат ҳаракати устувори худро ба сӯи қуллаҳои нави рушду шукуфоӣ идома хоҳад дод.

Дар Қазоқистон дастовардҳои кишвари Шуморо бо хушнудии самимӣ мепазиранд ва мо муносибатҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарро баланд арзёбӣ менамоем. Бовар дорам, ки бо талошҳои якҷоя шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистону Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи ду кишвар ва халқҳои бародар таҳким хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, неруи бепоён ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволию шукуфоӣ хоҳонам».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

***

«Ҷаноби Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Барои табрикоти самимие, ки ба муносибати ҷашни миллии мо ирсол намудед, ба Шумо изҳори сипос менамоям.

Иҷозат фармоед, дар навбати худ, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намуда, ба мардуми тоҷик шукуфоӣ орзу намоям.

Ман низ, мисли Шумо, ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамон, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисод, маориф ва илм, инчунин дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамияти хосса медиҳам.

Дар шароити кунунии минтақа идомаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории мо дар соҳаи амният аҳамияти махсус дорад. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумониамон низ фаъол гардид, ки ба таҳкими робитаҳо байни кишварҳоямон мусоидат мекунад. Ман аз ин самимона хушҳолам. Изҳори умед менамоям, ки мо минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаи худро дар руҳияи эътимод ва эҳтироми мутақобила ба манфиати давлатҳоямон рушд хоҳем дод.

Ҷаноби Президент, лутфан, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

***

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо камоли хушҳолӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки худро барои cаломатӣ ва бахту саодати Шумо ва шукуфоӣ ва пешрафти мардуми кишвари Шумо сидқан мефиристам.

Ман мулоқоти худро бо Шумо дар доираи сафари охири Шумо ба Ҷопон дар моҳи декабр бо самимият ба хотир меорам».

Императори Ҷопон Наруҳито

***

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро мефиристам.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои моро муносибатҳои хуб ва дӯстона бо ҳам мепайванданд. Ҳамчунин, дар доираи шарики стратегии минтақавии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои мо пайваста густариш меёбанд.

Олмон минбаъд низ ҳамчун шарики боэътимод дар паҳлӯи кишвари Шумо хоҳад буд ва аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард, то Тоҷикистонро дар рушди минбаъдаи сохторҳои демократӣ ва волоияти конун, инчунин ташаккули низоми иқтисоди бозорӣ дастгирӣ намояд.

Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон беҳтарин хушиҳо ва ояндаи амну осуда, озодӣ ва шукуфоиро таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер

***

«35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон барои ман имконияти хушу муносибро фароҳам меорад, ки ба Шумо, ҷаноби Президент, ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҷумҳурии Италия табрикоти ниҳоят самимиро арз намоям.

Муносибатҳои байни кишварҳои мо бар пояи пайвандҳои устувори дӯстӣ ва ҳамкорӣ асос ёфта, аз наздикшавии рӯзафзун оид ба масъалаҳои сершумори мавриди таваҷҷуҳи мутақобил неру гирифта, ба тавсеаи минбаъдаи онҳо равона шудаанд.

Дар солҳои охир ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавӣ ба рушди ин равандҳои мусбат саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин робита, ба мулоқотҳои дарпешистода дар доираи қолаби «Италия – Осиёи Марказӣ», ки фазои афзалиятнок барои амиқсозии муколамаи дуҷониба ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои нави муштарак ба шумор меравад, комёбиҳои ҳамаҷониба орзу менамоям.

Италия ҳамчунин рушди муносибатҳои боз ҳам наздиктар ва судмандтари байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро бо қаноатмандӣ истиқбол менамояд ва мутмаин аст, ки ин муносибатҳо ба таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар тамоми минтақа мусоидат мекунанд.

Дар чунин руҳия, ба Шумо, ҷаноби Президент, ва ҳамаи ҳамватанони Шумо ба муносибати таҷлили ҷашни имрӯза бори дигар беҳтарин таманниёти худро иброз менамоям».

Серҷо Маттарелла, Президенти Ҷумҳурии Италия

***

«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷозат фармоед ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо беҳтарин таманниёт ва табрикоти самимии худро баён намуда, бароятон саломатии комилу саодатмандӣ, инчунин ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти тоҷик рушди минбаъда ва шукуфоӣ орзу намоям».

Шайх Муҳаммад Бин Заид Ал-Наҳаян, Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

***

«Муҳтарам Президент, бародари азизам.

Аз номи миллатам ва аз номи худам ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро мерасонам.

Муносибатҳои Туркия бо Тоҷикистон дар асоси робитаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангии байни мардумонамон асос ёфтааст ва мо бо ифтихор пешрафтҳои ба даст овардаи Тоҷикистонро дар тули 35 сол аз замони истиқлолияташ дар ҳама соҳаҳо бо ифтихор пайгирӣ менамоем.

Ман самимона боварӣ дорам, робитаҳои дустонаи наздики худро, ки аз арзишҳои муштаракамон неру мегирад, тавассути талошҳои муштарак ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба, боз ҳам амиқтар хоҳем кард.

Бад ин васила, бори дигар ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

***

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Украина ба муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мегузорад ва ба рушди онҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ манфиатдор аст. Ман итминон дорам, ки густариши ҳамкориҳои мутаносибан судманд ба некӯаҳволӣ ва шукуфоии давлатҳо ва мардумони мо мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсати гуворо, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии бардавом, нерӯи бепоён ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Украина Володимир Зеленский

***

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ман боварӣ дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷабҳаи байни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мутақобилаи мо густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои бештарро дар бунёди як кишвари шукуфон ва амн таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Чехия Петр Павел

***

«Ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Бо камоли массаррат Шуморо аз номи худ, мардум ва Ҳукумати Подшоҳии Баҳрайн ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатиии кишвари ба мо бародар, самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти гарми ин ҷонибро ба муносибати ин Иди миллӣ арз мекунам.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан ба Шумо Ҷаноби Олӣ, саломативу саодатмандӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро орзу менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, дуруду эҳтироми самимии моро бипазиред».

Подшоҳи Подшоҳии Баҳрайн Ҳамад ибни Исо Оли Халифа

***

«Ба Ҷаноби Олӣ, бародари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудии ман аст, ки ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Рӯзи истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Давлат ва мардуми Фаластин ва шахсан аз номи худам, самимонатарин табрикоту беҳтарин орзуҳон худро ба Ҷаноби Олӣ иброз намоям.

Аз даргоҳи Худованди мутаол дархост менамоям, ки ин ҷашни гироми ҳамасола дар ҳоле ба Шумо бозгардад, ки аз сиҳатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои доимӣ бархӯрдор бошед ва ба кишвару мардуми Шумо пешрафт, сарбаландӣ ва шукуфоии ҳарчи бештар насиб гардад.

Дар ин муносибати бошукӯҳи миллӣ мо бори дигар азми худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои муштарак байни кишварҳоямон дар соҳаҳои гуногун, ба манзури таъмини манфиатҳои муштарак, таъкид менамоем. Ҳамчунин, мо мавқеи Тоҷикистонро дар дастгирии ҳуқуқи мардуми Фаластин ва ҳуқуқҳои қонунии миллии он барои озодӣ ва истиқлолият баланд арзёбӣ менамоем.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиром ва қадрдонии амиқи маро бипазиред».

Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуд Аббос

***

«Ҷаноби Олӣ ва Бародари азиз,

Ба муносибати таҷлили Рӯзи миллии кишваратон бо камоли хушнудӣ ба Шумо Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки худро иброз дошта, ба халқи бародари тоҷикамон пешрафт ва шукуфоии беназир таманно менамоям.

Инчунин, изҳори омодагии ҷониби хешро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ҷорӣ миёни ду кишвар, ки бо инобати манфиати тарафайн ба нафъи халқҳоямон равона гардидааст, баён менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ ва Бародари азиз, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Мавритания Муҳаммед Оулд Шейх Эл Газуанӣ

***

Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум ва Мансур бин Зойид оли Наҳён, Ноиби Президент-Муовини Сарвазир, вазир оид ба корҳои Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ворид гардиданд.

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Сентябрь 9, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд