Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2026 16:00

Дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст:

***

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва аз номи худам, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро ирсол менамоям.

Покистон ба робитаҳои таърихӣ ва бародаронаи худ бо Тоҷикистон, ки бар эътиқоди муштарак, наздикии фарҳангӣ, мероси умумӣ ва эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, аҳамияти бузург медиҳад. Мо густариши устувори ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, ҳамгироӣ ва робитаҳои байни мардумӣ хеле арзишманд меҳисобем.

Мутмаинам, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, шарикии бародаронаи мо минбаъд низ амиқтар гардида, ба сулҳу субот, рушди иртибот ва шукуфоии минтақа мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Ҷаноби Олӣ орзуҳои беҳтарини худро барои саломатии бардавом ва муваффақият, инчунин баҳри сулҳу суботи минбаъда, пешрафт ва некӯаҳволии мардуми бародари Тоҷикистон иброз менамоям.

Лутфан Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

***

«Ҷаноби Президент.

Ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман ҳамроҳ бо Ҳукумат ва мардуми Испания мехоҳам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимона ва гарми худро иброз намоям.

Дар ин робита, ҷаноби Президент, ба Шумо беҳтарин орзуҳои саодату некрӯзӣ ва ба мардуми азизи Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам.

Лутфан, ҷаноби Президент, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Подшоҳи Испания Фелипе

***

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти гарму самимии худро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни бошукуҳи 35-солагии Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 2026 таҷлил мегардад, ирсол менамоям.

Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дӯстии наздик, ки бар эҳтироми мутақобила ва ормонҳои муштарак баҳри некуаҳволии мардумонамон асос ёфтааст, ба ҳам мепайвандад. Ба густариши минбаъдаи ҳамкориамон, бахусус дар самти рушди робитаҳои иқтисодӣ ва иртиботи байни мардумони ду кишвар изҳори умед менамоям. Бигзор талошҳои муштараки мо натиҷаҳои судманд оварда, барои кишварҳоямон ояндаи боз ҳам устувортар ва шукуфонтарро фароҳам созанд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимонаи маро барои саломатӣ ва некуаҳволии бардавоми Шумо, инчунин сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Подшоҳи Малайзия Султон Иброҳим

***

«Ҷаноби Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Малайзия ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро ирсол менамоям.

Риштаҳои бародарии миёни Малайзия ва Тоҷикистон, ки бар эҳтироми мутақобила ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, пайваста таҳким меёбанд. Изҳори умед менамоям, ки ҳамёрии зичи минбаъдаи мо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат хоҳад кард. Ҳарчанд сафари пешбинишудаи Шумо ба Малайзия дар моҳи июл сурат нагирифт, самимона умедворам, ки дар фурсати барои ҳар ду ҷониб муносиб имкони пазироии Шуморо дар Малайзия хоҳам дошт.

Ҷаноби Олӣ, лутфан, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим

***

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед, ба Шумо барои табрикот ва таманниёти неке, ки ба муносибати интихоб гардиданам ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Маҷористон ирсол намудед, изҳори сипос намоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Маҷористон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ниятҳои неки Шуморо ҷиҳати минбаъд рушд додани ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд миёни ду кишвар баланд арзёбӣ менамоям.

Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Маҷористон Шуморо бовар мекунонам, ки шахсан таҳким ва таъмиқи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоямонро муҳим мешуморам.

Лутфан, эҳтироми амиқ ва самимонаи маро бипазиред».

Президенти Маҷористон Андраш Бака

***

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Аз номи мардуми Болгария ва шахсан аз номи худам ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон самимонатарин табрикот ва таманниёти неки сулҳу субот ва некуаҳволӣ ирсол менамоям.

Ҷумҳурии Болгария муносибатҳои созандаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми кишвари Шуморо дар таҳкими амнияту субот, ҳусни ҳамҷаворӣ ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ менамояд.

Мутмаинам, ки иродаи қавии сиёсӣ ҷиҳати ба сатҳи шарикии стратегӣ расонидани муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин парафгузории  нави Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори мавҷудаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари мо уфуқҳои нав мекушоянд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ барору комёбиҳо орзу карда, эҳтироми амиқи худро иброз менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Болгария Илияна Йотова

***

«Ҷаноби Олӣ,

Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Мехоҳам ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрикоти гарми худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият расонам.

Дар мулоқоти мо, ки рӯзи 21 майи соли 2026 дар Душанбе баргузор шуд, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки чи гуна таҳти роҳбарии Шумо, Тоҷикистон ба як намунаи равшани он, ки, дипломатия, ҳамкории амалӣ ва эътимоди мутақобила метавонанд якдигарро тақвият бахшанд табдил ёфтааст.

Созмони мо аз ҷониби худ ҳамчунон содиқона дастгирии Тоҷикистон ва минтақаи васеътарро ба хусус дар самти густариши муколамаи фарогири сиёсӣ ва коҳиши хатарҳо идома медиҳад.

Ман аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистон бо САҲА самимона миннатдорам ва умедворам, ки ҳамкории наздики мо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми баланди маро бипазиред».

Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу

***

Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевич, Президенти Ҷумҳурии Юнон Константинос Тасулас, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ Ҳасан Шейх Маҳмуд ва Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиё Марказӣ Каха Имнадзе ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиков ва Дабири кулли механизми “Осиёи Марказӣ-Чин” Сун Вэйдун ворид гардиданд.

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Сентябрь 9, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад