ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст

Сентябрь 3, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр аз таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 сол сипарӣ мегардад. 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр чун Рӯзи авиатсияи гражданӣ қабул шуд, ки ҳамасола таҷлил мешавад.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори соҳаи авиатсияи гражданӣ куллан тағйир ёфта, дар корхонаҳои авиатсионии мамлакат ҳавопаймоҳои нави муосир, таҷҳизоти замонавӣ барои хизматрасониҳои фурудгоҳию аэронавигатсионӣ харидорӣ карда шуда, биноҳои наву муосири ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва хизматрасонӣ ба мусофирон ҷавобгӯ бунёд гардиданд.

Парвози аввалин ҳавопаймо ба Душанбе

Таҷлили Рӯзи авиатсияи гражданӣ аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои сохти олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд ва он ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон ибтидо гузошт.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800-метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд.

Авиатсияи гражданӣ — соҳаи калидӣ

Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи мамлакат тавсеа ёфта, ҳоло дар кишвар чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, се ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Шоҳин Эйр» фаъолият доранд.

Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки ба қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат равона шуда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон ҷалб менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.

Тавсеаи инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат

Муддати беш аз 100 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Хусусан дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Таъсиси Агентии авиатсияи гражданӣ

Бо ташаббуси Пешвои миллат ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монд.

Парвозҳо ба зиёда аз 20 давлат

Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 кишвар ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳост.

Бунёди терминалҳои муосир

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бахши ҳавонавардии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта шуда, соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосири боркашонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар баробари ин, 26 сентябри соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ҳама далели таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди авиатсия мебошад.

Манораи назоратӣ-танзимнамоӣ бо баландии 41,23 метр

27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ–танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фаронса сохта шудааст, дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дорад. Он яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб шуда, мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ бунёд гардидааст.

Риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Тоҷикистон

Ба истифода додани манораи танзиму назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ ифода менамояд.

Омоданамоии беш аз 400 мутахассиси соҳаи авиатсия

Ҳамзамон корҳои ободонӣ ва бунёди инфрасохтори муосир дар дигар корхонаҳои авиатсионӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар таҷдиду навсозӣ гардид.

Аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ беш аз 400 мутахассиси соҳавии бомаҳорат ва пуртаҷриба, аз қабили ҳавонавардон, штурманҳо, танзимгарони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, кормандони хадамоти ташкили интиқолот, муҳандисону техникҳои ҳавопаймоию таҷҳизоти аэронавигатсионию радиоэлектронӣ ва ҳавошиносон омода карда шуданд.

Дурнамои рушди соҳаи авиатсия

Таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ворид намудани ҳавопаймоҳои муосир аз ҷониби ширкатҳо барои хизматрасонии босифат аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти мақомот ва сохторҳои авиатсионии мамлакат қарор доранд.

Дар маҷмуъ, соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи муосир, афзалиятнок ва муҳими дорои аҳамияти стратегӣ дар самти рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши босазо дошта, рушду пешрафти пурраро дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 3, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад