ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст

Сентябрь 3, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2010 инҷониб дар Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи Гвардияи миллӣ муқаррар карда шудааст. Ин сохтор воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

— Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳифзи истиқлол, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ бе мавҷудияти неруҳои пуриқтидор ва афсарону сарбозони ба халқу Ватан содиқ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ давра ба давра таъсис дода шуданд.

Аз ҷумла, соли 1995 Гвардияи Президент ташкил карда шуд, ки ҳамагӣ аз чор қисми ҳарбӣ иборат буд. Вазифаи гвардия мисли дигар сохторҳои низомӣ аз он иборат буд, ки дар мамлакат сулҳу осоиш ва амният таъмин бошад. Артиши миллии Тоҷикистон ин рисолатро сарбаландона анҷом дод. Давлати тозаистиқлоли тоҷик аз ҳамлаи қувваҳои бадхоҳи дохилӣ – ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ба ном озодихоҳ, ки аз хориҷи давлат идора мешуданд, ҳифз карда шуд.

Соли 2004 Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар фаъолияти касбии ин сохтор давраи нав оғоз гардид.

Дар айни замон ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар таъмини амният ва ҳифзи музаффарияти Истиқлоли давлатӣ дар ҳама минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматро софдилона пеш мебаранд.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаҳои муҳими ҳарбиро оид ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият анҷом медиҳад. Аз ҷумла, ҳифз ва ҳимояи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, таъмини амнияти шахсони расмӣ, баровардани Парчами давлатии Тоҷикистон дар маросими давлатӣ аз қабили вазифаҳое мебошанд, ки Гвардияи миллӣ ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ боиси ифтихори бузург мебошад.

Ҳайати шахсии гвардия давоми 31 соли фаъолияти пурсамар вазифаҳои ҷангӣ ва уҳдадориҳои хизматиро сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини амният, сулҳу оромӣ дар давлат, мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳифзи музаффарияти Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳукумати мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Аз таъсиси Гвардияи миллӣ то имрӯз зиёда аз 350 нафар гвардиячиён бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену медал ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сохтмони хонаҳои истиқоматии якошёна дар вилояти Суғд, бинои истиқоматии чорошёна дар ноҳияи Рашт, бинои дуошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, сохтмони нуқтаи тиббӣ дар Маркази миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир анҷом дода шуда, мавриди истифода қарор гирифт.


Таъмин будани сулҳу ваҳдат, амнияту осоиш ва волоияти қонун кафолати рушди иқтисодиёт ва сатҳу сифати тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул намудани Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад ҳам, дар баробари ин аз ҳар яки мо –шаҳрвандони Тоҷикистон масъулияту худшиносӣ талаб мекунад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад».

Барои татбиқи ин ҳадафҳо дар баробари тамоми мардуми мамлакат мо, хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки мунтазам дониш ва маҳорату малакаи касбиро такмил диҳем. Барои омода намудани кадрҳои лаёқатманду соҳибтахассус, масъулиятшиносу ватандӯст тадбирҳои зарурӣ андешем, то дар ҳифзи сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузорем.

Вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани манфиатҳои геосиёсӣ, хатарҳои терроризму экстремизм, киберҷиноятҳо, бошиддат истифода шудани технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳарбӣ сарбозону афсарони ин мақомоти қудратиро водор мекунад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мудофиаи мамлакат ва муқовимат ба ин хатарҳо фаъолияти ҳамарӯза ва донишу қобилияти касбии ҳайати шахсиро таҳкиму тақвият диҳанд.

5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки «ҳоло Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо назардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст. Ин яке аз омилҳои муҳими ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад».


Боварию эътимоде, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ доранд, намегузорад, ки як лаҳза аз фикри вазифаҳои хизматӣ, манфиати давлату миллат ва садоқат ба Президент фориғ бошанд. Онҳо дар назди қонун, дар назди имону виҷдони худ вазифадор ҳастанд, ки то нафаси охирин ба Президент ва Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо изҳор намуданд, ки «ман ба садоқату шуҷоати шумо, гурдони далери Ватан, нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёр эътимоди комил дорам ва бо итминон изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи пурифтихори худ ва қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароянд».

Ҳоло Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлат қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда вазифадор гардидааст. Ҳамчунин Гвардияи миллӣ дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар барои ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва дифои марзу буми мамлакат вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 3, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар