Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда

Сентябрь 8, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Даврони Истиқлол барои мардуми тоҷик давраи бузурги давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, худшиносии миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба шумор меравад. Дар ин муддат Тоҷикистон роҳи басо душвор, вале пурифтихорро тай намуда, аз марҳалаи барқарорсозии сохти давлатдорӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расид.

— Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи мамлакат назар мекунем, арзиши Истиқлолро пеш аз ҳама дар имконияти мустақилона муайян кардани роҳи рушд, истифодаи захираву имкониятҳои миллӣ ва сафарбар намудани неруи ҷомеа барои ободии Ватан эҳсос менамоем. Агар сулҳу субот асоси пешрафти ҷомеа бошад, рушди иқтисоди миллӣ ва махсусан саноат яке аз пояҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории мустақил мебошад.

Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз аз кишвари асосан истеъмолкунанда тадриҷан ба мамлакати истеҳсолкунанда табдил меёбад. Эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ низ идомаи ҳамин сиёсати дурбинона мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки иқтисоди рақобатпазир бе саноати пешрафта ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ ташаккул намеёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва истифодаи оқилонаву самараноки онҳо метавонад барои рушди истеҳсолот, таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намояд. Ангишт яке аз ҳамин захираҳои муҳим мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибат ба истихроҷ ва истифодаи ангишт низ тағйир ёфт. Имрӯз ангишт танҳо як навъи сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти маишӣ нест. Он ҳамчун ашёи муҳими энергетикӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ истифода мешавад. Бахусус дар шароити ноҳияҳои кӯҳистон ва минтақаҳое, ки фасли сармо тулонӣ аст, таъмини саривақтӣ бо ангишт аҳаммияти иҷтимоии махсус дорад.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» низ фаъолияти худро дар ҳамин замина ба роҳ монда, дар таъмини талаботи корхонаҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолии минтақа бо ангишт саҳм мегузорад.

Кони ангишти Камароб дар яке аз минтақаҳои душвори кӯҳистонии мамлакат, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Шароити табиии ин мавзеъ кори ангиштканонро осон намегардонад. Барф дар ин баландӣ дер об мешавад ва баъзан ҳанӯз дар оғози тирамоҳ бориши барф оғоз мегардад. Тармафароӣ ва осеб дидани роҳҳои мошингард низ ба раванди истихроҷу интиқоли ангишт мушкилӣ эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, паси ҳар тонна ангиште, ки аз Камароб ба муассиса ё хонадони сокинон мерасад, заҳмати зиёди инсонҳо меистад.

Кӯҳкор дар шароите меҳнат мекунад, ки на ҳар кас метавонад онро таҳаммул намояд. Дар чунин ҷой пеш аз ҳама интизоми меҳнат, таҷриба, масъулият, риояи талаботи бехатарӣ ва муносибати ҷиддӣ ба касб зарур аст. Барои мо ҳамчун роҳбарияти корхона таъмини шароити муносиби меҳнату маишати кормандон ва риояи талаботи бехатарии саноатӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, талош мекунем, ки имкониятҳои мавҷуда барои афзоиши истихроҷ ва беҳтар намудани таъминоти истеъмолкунандагон истифода шаванд. Натиҷаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки корхона дар бозори дохилии ангишт мавқеи худро пайдо намуда, барои таъмини талаботи минтақа саҳми муайян мегузорад.

Масалан, соли 2023 дар ҶСК «Ангишти Камароб» зиёда аз 60 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид. Маҳсулоти корхона ба корхонаҳои саноатӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ пешниҳод карда шуд. Дар ҳамон сол дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод низ бо ангишт таъмин гардиданд.

Соли 2024 нақшаи истихроҷи корхона 70 ҳазор тонна муқаррар гардида буд ва то якуми октябр 45 ҳазору 960 тонна ангишт истихроҷ шуда, ба истеъмолкунандагон пешниҳод гардид. Ин натиҷа бо назардошти шароити мураккаби табиии кон ва маҳдуд будани давраи муносиби истихроҷ аҳаммияти хос дорад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ дар арафаи фасли зимистон мебошад. Барои ҳар як роҳбари корхона эҳсоси масъулият замоне бештар мешавад, ки медонад маҳсулоти истеҳсолкардаи коллектив барои гармии мактаб, муассисаи тиббӣ ё дигар иншооти иҷтимоӣ зарур аст.

Дар соли 2025 ҶСК «Ангишти Камароб» барои омодагӣ ба зимистон муассисаҳои буҷавии ноҳияи Раштро бо 2314 тонна ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикободро бо беш аз 973 тонна ангишти хушсифат таъмин намуд. Дар баробари ин, имконияти таъмини муассисаҳои ноҳияҳои дигари минтақа, аз ҷумла Сангвор, Нуробод ва Лахш низ мавҷуд аст.

Ин рақамҳоро танҳо ҳамчун нишондиҳандаи фаъолияти иқтисодии корхона арзёбӣ кардан дуруст нест. Дар паси онҳо фаъолияти муназзами муассисаҳо дар фасли сармо, гармии синфхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷиҳат мо фаъолияти худро як ҷузъи масъулияти умумӣ барои таъмини зиндагии муътадили мардум медонем.

Истиқлол барои рушди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ пеш аз ҳама шароит фароҳам овард, ки сарватҳои табиии мамлакат ба манфиати иқтисоди миллӣ истифода шаванд. Захирае, ки дар қаъри кӯҳ қарор дорад, худ аз худ ба рушди иқтисодӣ табдил намеёбад. Барои ин роҳ, техника, мутахассис, маблағгузорӣ, бозори истеъмол ва муҳимтар аз ҳама, фазои сулҳу субот зарур аст.

Маҳз сулҳу оромӣ имкон дод, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат корҳои созандагӣ густариш ёбанд, корхонаҳои нав таъсис дода шаванд ва захираҳои дохилӣ бештар мавриди истифода қарор гиранд.

Барои мо, кормандони соҳаи саноат, мафҳуми Истиқлол ҷанбаи дигари муҳим низ дорад: мустақилияти иқтисодӣ.

Давлат ҳар қадар бештар тавонад эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ таъмин намояд, пояҳои иқтисодии он ҳамон андоза устувор мегарданд. Истифодаи ангишти ватанӣ низ аз ҳамин дидгоҳ аҳаммият дорад. Мо захираи табиии худро истихроҷ мекунем, барои шаҳрвандони худ ҷойи кор муҳайё месозем ва маҳсулотро барои эҳтиёҷоти иқтисоди худи мамлакат пешниҳод менамоем.

Ҳамин аст яке аз ифодаҳои амалии соҳибистиқлолӣ.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои таъмини энергия ва дастрасӣ ба захираҳо рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунанд, истифодаи самараноки тамоми имкониятҳои энергетикии мамлакат зарур мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст ва рушди энергетикаи «сабз» дурнамои асосии кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, то замоне ки иқтисодиёт ва бахшҳои алоҳидаи иҷтимоиву истеҳсолӣ ба дигар манбаъҳои энергия низ ниёз доранд, истифодаи оқилонаи ангишти ватанӣ аҳаммияти худро нигоҳ медорад.

Вазифаи мо ин захираро бо риояи талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои технологӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноатӣ истихроҷ намуда, ба истеъмолкунанда сари вақт пешниҳод кардан аст.

Дар фаъолияти ҳар корхона техника ва технология муҳиманд, аммо омили асосӣ ҳамеша инсон мемонад. Натиҷаҳои ҶСК «Ангишти Камароб» низ, пеш аз ҳама, самараи меҳнати кормандон, муҳандисон, механизаторон, ронандагон ва дигар мутахассисон мебошанд.

Онҳо дар баландии беш аз сеюним ҳазор метр, дар шароити тағйирёбандаи обу ҳавои кӯҳистон меҳнат мекунанд. Ин заҳмат сазовори қадршиносист.

Аз ҳамин рӯ, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо, пеш аз ҳама, ба онҳое арҷ мегузорем, ки бо меҳнати ҳаррӯзаи худ дар ободии кишвар саҳм доранд. Созандаи Ватан танҳо касе нест, ки иншооти бузург бунёд мекунад. Кӯҳкоре, ки дар дили кӯҳ сарвати табииро истихроҷ менамояд, деҳқоне, ки заминро кишт мекунад, ронандае, ки борро ба макони зарурӣ мерасонад, омӯзгоре, ки фарзанди мардумро таълим медиҳад ва табибе, ки саломатии шаҳрвандонро ҳифз мекунад, ҳар кадом бо меҳнати худ Тоҷикистонро месозанд.

Соҳибистиқлолӣ ба мо ҳам ҳуқуқ ва ҳам масъулият додааст. Ҳуқуқи соҳиб будан ба Ватан ва сарнавишти худ.  Ва масъулияти ободтар гузоштани ҳамин Ватан барои наслҳои оянда.

Имрӯз мо бояд дар баробари натиҷаҳои бадастомада ба масъалаҳои фардои истеҳсолот низ андеша кунем. Такмили заминаи моддиву техникӣ, истифодаи техника ва технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, беҳтар кардани шароити кормандон ва риояи қатъии меъёрҳои бехатарӣ барои рушди минбаъдаи корхона аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.

Ҳамчунин, истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд ҳамеша бо муносибати масъулона ба табиат ҳамроҳ бошад. Сарватҳои табиӣ мероси як насл нестанд. Онҳо амонате мебошанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба манфиати имрӯз ва фардои кишвар бояд таъмин карда шавад.

35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар яки мо фурсати ифтихор аз роҳи тайшуда ва ҳамзамон замони муайян кардани вазифаҳои нав мебошад.

Тоҷикистони имрӯз бо Тоҷикистони оғози солҳои навадум қобили муқоиса нест. Кишвар дигар шудааст, имкониятҳо афзудаанд ва сатҳи масъулияти ҳар яки мо низ бояд ба ҳамин пешрафт мувофиқ бошад.

Мо, кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб», ифтихор дорем, ки бо меҳнати худ дар раванди саноатикунонии мамлакат ва таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиву иҷтимоии минтақа саҳм мегузорем. Барои коллективи мо ҳар тонна ангишти истихроҷшуда танҳо маҳсулоти истеҳсолӣ нест. Он натиҷаи меҳнат, масъулият ва саҳми мо дар пешрафти иқтисоди Ватан аст.

Бовар дорем, ки бо идомаи сиёсати созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои дохилӣ ва меҳнати содиқонаи мардуми кишвар Тоҷикистон дар солҳои оянда ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегардад.

Обид МИРЗОЗОДА, 
Директори ҶСК «Ангиши Камароб»

Сентябрь 8, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд