Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад

Сентябрь 9, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди дастовардҳо таҳаввулоти босуръати ҷаҳон тақозо менамояд, ки тавассути рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ рақобатнокии иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи Сарвари давлат, Тоҷикистон истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, низоми молиявӣ ва фаъолияти соҳибкориро вусъат мебахшад.

«Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» саҳми давлати мо дар пешбурди ин масъалаи мубрами рӯз мебошад. Ин иқдом ва фаъолияти марказҳои инноватсионии ватанӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз қутбҳои муҳимми таҳия ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи минтақа табдил ёбад»,- таъкид намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд