ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Сентябрь 9, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият сарчашмаи саодату сарбаландии давлат ва миллати мост. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намоем ва ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр бо сиёсати сулҳҷӯёна шинохта шавем. Дар ин раванд нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун рукни асосии ваҳдат ва суботи ҷомеа ҳамеша дар таҳкими истиқлол, ҳифзи манфиатҳои мардум ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа назаррас аст. Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Раиси ҳизб Маликшо Неъматзода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Давоми солҳои истиқлол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбаранда кадом иқдомҳои муҳимро барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва сулҳи доимӣ муҳимтарин мешуморад?

 М. Неъматзода: Бо ифтихору сарфарозӣ метавонам иброз намоям, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.

Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини таъсиси ҳизб таъкид намуда буданд, ки «ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ аст».

Имрӯз, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҳизби мо дар тамоми раванди таҳаввулоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок карда, дар татбиқи ормони деринаи халқи Тоҷикистон, яъне истиқрори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ нақши созандаву муассир гузошт.

Ва ҳамзамон бо ин, масъулиятеро, ки ҳизб аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ бар дӯши худ гирифта буд, имрӯз низ сарбаландона иҷро карда истодааст. Ҳанӯз зимни таҳияи Оиннома ва Барномаи ҳизб соли 1994 эълон гардида буд, ки Ҳизби Халқии Демократӣ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибати онҳо ба дину мазҳаб ҳимоя карда, ҳар гуна зуҳуроти номатлубро маҳкум менамояд, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиро асоси фаъолияти худ қарор медиҳад ва тамоми неруву имкониятҳои худро барои бунёди давлати қавии иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона месозад.

Ҳизби мо барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар шаҳрванди кишвар пайваста саъю талош мекунад.

Масъалаҳои иқтисодӣ аз рӯзҳои нахустини таъсиси ҳизб дар меҳвари фаъолият ва барномаҳои мо мақом пайдо намудаанд. Зеро иқтисод асоси равнақи ҷомеа маҳсуб шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ва шароити иҷтимоии аҳолӣ аз он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз низ ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, тавассути рушди иқтисоди мамлакат метавонем сатҳу сифати зиндагии мардуми худро беҳтар намоем.

Мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла бархӯрди кишварҳои абарқудрат, низоъҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири ногувор расонида, афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла яроқнокшавии бошитоб боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва осебпазир гардидани Истиқлоли давлатҳо аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақвияти худшиносиву ватандӯстӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва рушду тавсеаи иқтисоди миллиро барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва сулҳи доимӣ муҳимтарин мешуморад.

АМИТ «Ховар»: Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ноил шудан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ мебошад. Давоми солҳои  Истиқлоли давлатӣ дар амалӣ шудани лоиҳаҳои бузург, ба мисли Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳизб чӣ нақши мушаххас бозид ва чӣ натиҷа дод?

М. Неъматзода: Дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср нақши Пешвои миллат бузургу барҷаста аст. Дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро фаро мегирад, баррасии масъалаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавқеи меҳварӣ дорад.

Маҳз муҳимияти сохтмони ин иншооти аср, ки дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди иқтисоди миллӣ ҳамзамон ба боло бурдани нангу номус ва ғурури миллии миллати арҷманди мо созгор аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 2008 масъулияти сарпарастии маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша барои он талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсози миллат дар муҳлати муқарраршуда сохта, мавриди истифода қарор гирад.

Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари муаззами ҳизбамон, ки зимни мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» баён намуда буданд, бо ибтикори ҳизб пайваста чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ҳадаф аз баргузории онҳо баланд бардоштани рӯуҳияи кормандони ин иншооти ҳаётан муҳим аст.

Ҳизб дар солҳои охир фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи онҳо ба тарғиби Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми мамлакат, муаррифии шоистаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми кишварҳои минтақаву мардумони он ва баланд бардоштани руҳияи кормандони ин коргоҳи бузург мебошад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ шудаанд.

Воситаҳои ахбори ҳизбӣ тамоми ташабусҳои Пешвои миллатро мавриди тарғибу ташвиқ қарор дода, Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ро ҳамчун кафили истиқлолияти энергетикӣ, муҳаррики иқтисодиёти мо ва тавсеабахши саноати кишвар, истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавии мамлакат, калиди ҳалли бахше аз мушкилоти экологӣ, мазҳари иқтидори давлат ва миллат тоҷик, барои сайёҳон ва гардишгарони саросари олам ҳамчун шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон, мактаби тарбияи мутахассисон ва муаррифи таҷрибаву технологияи муосири кишвари мо, омили ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди ҳамкории иқтисодии байналмилалии мамлакат, меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтар аз имрӯзи мо мавриди таблиғу ташвиқ қарор додаанд.

Давоми моҳҳои охир сохторҳои ҳизб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки шаҳрвандонро бо мақсади ба шуғл фаро гирифтан ба ин иншоот равон намоянд.

Имрӯзҳо дар ин иншоот 5 ҳазор аъзои ҳизби мо дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Неругоҳи барқи обии «Роғун» муттаҳид гардида, аҳлона фаъолият доранд. Аз ин шумора 40 % онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз 60 фоизи аҳолӣ ҷавонон мебошанд. Барои он ки насли нав қадри истиқлолро донад ва онро ҳифз кунад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кадом барномаҳои мушаххасро барои ҷавонон дар солҳои 2026-2031 пешбинӣ кардааст?

М. Неъматзода: Дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ раванди инкишофи ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз ҳамин неру қодир аст, ки монеаву мушкилоти мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро имрӯз таърих ба зиммаи ин неруи ояндасози Ватан гузоштааст.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси баланд ниёз дорад».

Ҳанӯз чордаҳ сол муқаддам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории миллиро дар марҳалаи муосир мушаххас намуда, яке аз самтҳои муҳимтарини онро сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» унвон доданд.

Дар партави ин ташаббуси бузург ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои беҳтар гардонидани рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон заминаву имконияти муносиб фароҳам оварда шудааст.

Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон низ дар ин раванд ҳамчун ниҳоди неруманди ҷомеаи кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат баҳри равнақи ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои муосир, риояи волоияти қонун ва ва дар зеҳну тафаккури ҷавонони мамлакат ҷой намудани маърифати сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ талошҳои чашмрас намуд.

Дар ин росто пайваста фаъолияти зиёде анҷом дода мешавад, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Аз шумораи умумии аъзои ҳизб, яъне аз 731 ҳазору 231 нафар  275 ҳазору 310 нафарро (38,7%) ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин неруи тавоно ва таъсиргузори ҷомеаи кишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳизб аз рӯзҳои аввали таъсис ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии барномаҳои ҳизбро бахши сиёсати ҷавонон ва варзиш ташкил медиҳад.

Дар барномаи ҳизб иброз гардидааст, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Ҳизб талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода намояд. Бахусус, аз тадбирҳое истифода бояд кард, ки дастрасии ҷавонон ба технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осон амалӣ гардад ва имконпазир бошад».

Хушбахтона, имрӯз сатҳи худшиносии ҷавонони Тоҷикистон рӯ ба ташаккул овардааст. Ободкориву созандагии ҷавононро дар ҳар қадам, дар ҳар соҳа имрӯз баръало метавон дид. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонони мо дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд. Ин далели он аст, ки насли ҷавони кишвар моҳияту аҳамияти давлати демокративу ҳуқуқбунёдро дуруст дарк намудааст.

Баргузории маъракаҳои сиёсӣ дар мамлакат- ҳам интихоботи парлумонӣ ва ҳам интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамояд, ки мардум, хусусан ҷавонон аз сиёсати Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз роҳи пешгирифтаи Сарвари ҳизбамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сидқан ва самимона ҷонибдорӣ менамоянд.

Зимнан, яке аз асостиарин омилҳое, ки мавқеи сиёсии ҷавононро дар ҷомеаи тоҷик собит ва муқаррар мекунад, иштирок ва саҳмгузорӣ дар маъракаҳои сиёсӣ мебошад.

Ҷавонон, ки аз муҳимтарин кишрҳои иҷтимоӣ мебошанд, дар ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ бевосита ҷалб карда мешаванд ва бо майлу иродаи худ иштирок мекунанд.

Далелҳои мавҷуда баёнгари он ҳастанд, ки 95% ҷавонон дар интихобт иштирок кардаанд ва фаъолияти онҳо дар ин маъракаи муҳим ба қайд гирифта шудааст. Аксари онҳо аз худ фаъолиятмандӣ нишон дода, мавқеи сиёсиашонро мустақилона муқаррар месозанд.

Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зери партави сулҳу дӯстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди ҳизб 15 сол қабл Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд. Он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи идеяҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои он, иштироки фаъолона дар маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои наҷиб баромад мекунад.

Воқеан, тарбия кардани насле, ки фардои ҷомеаро ба таври шоиста бар дӯши худ гирад, қонунияти бақои зиндагии ҷамъият аст. Ба пояҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва парвариши кадрҳои илмии болаёқат барои ҷомеаи Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар шароити истиқлолияти мамлакат бо мамлакатҳои мутамаддин аз пояи баробарии илмиву фарҳангӣ муносибат карда, обрӯю нуфузи ин миллати фархунда ва давлати тоҷиконро баланд бардорем. Татбиқи ин ташаббусҳои бузургро ҷавонон низ бояд рисолати худ ҳисобанд.

Имрӯз мо дар марҳалае зиндагӣ дорем, ки ҷаҳон бо суръати баланд ва таҳаввулоти бузурги илмӣ рӯбарӯ шудааст. Дар кишварҳои пешрафтаи олам дигаргуниҳои куллӣ дар бахши илму иноватсия ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа низ бетаъсир намемонанд. Дар ин росто мо низ бояд аз ин равандҳои инкишоф қафо намонем.

АМИТ «Ховар»: Дар солҳои оянда  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Тоҷикистонро дар кадом сатҳи иқтисодӣ ва байналмилалӣ мебинад ва барои расидан ба он кадом вазифаро аввалиндараҷа меҳисобад?

М. Неъматзода: Стратегияи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини рушди ҷомеаи демократӣ-дунявии Тоҷикистон дар асоси эътироф ва эҳтироми меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва талқини арзишҳои мардумсолорӣ дар ҷомеа мебошад.

Вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз барномаҳои он бармеоянд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мамлакат, фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазовор ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имконият барои рушди ҷавонон ва ғайраҳо мебошанд.

Вазифаи бунёдии мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилоти ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Бояд таъкид намоям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва қувваи бузурги сиёсӣ рисолати худро дар рушди пайвастаи ҷомеа, татбиқи ормонҳою арзишҳои миллӣ, бунёди низоми демократӣ ва расидан ба зиндагии шоиста ва ҳаёти арзанда мебинад.

Роҳи минбаъдаи Тоҷикистон барои давраҳои дарозмуддат дар барномаву стратегияҳои давлатӣ, ки бо барномаҳои ҳизби мо тавъам мебошанд, мушаххас гардидааст. Ин ҳадафҳоо, ки Пешвои миллат таҳия ва тарҳрезӣ намудаанд, барои мо комилан равшан мебошанд. Яъне Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, пешрафтаву босубот, ки дар он ҳама қишрҳои ҷомеа ва мардуми он аз зиндагии саодатмандона, озодии андешаву баён, бародарию баробарӣ, гунонгунандешӣ ва дигар арзишҳои башарӣ ҳамеша баҳравар бошанд.

Чанд сол қабл мутахассисони Commerzbank, як бонки маъруф ва қадимаи Олмон дар як пажӯҳиш ба натиҷае расиданд, ки Осиёи Марказӣ дар оянда ба яке аз муҳимтарин манотиқи олам табдил хоҳад шуд. Ин таҳлил дар расонаҳои Олмон нашр гардида буд.

Дар асоси таҳлилҳои онҳо, ҳамкории мутақобили судманд бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия ва Чин имкон медиҳад, ки Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати саноатӣ пеш равад ва дар оғози садаи оянда ба рушди бесобиқа даст ёбанд.

Мо воқеан ҳам захираҳои бузурги табиӣ дорем, ки истифодаи мақсадноки онҳо моро ба пешрафтҳои бузург хоҳанд расонд.
Ин тадбир тавассути омода намудани мутахасисони варзидаи соҳаҳои муҳим рӯйи кор хоҳад омад. Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамин нуктаро махсус таъкид доштанд.

Дар асоси ҳидоятҳои Роҳбари ҳизбамон мо бояд ҳамеша бо мардум кору пайвастагӣ дошта бошем ва новобаста аз мураккабиву душвориаш дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳо мусоидат намоем. Бояд эҳсос кард, ки мардум бештар ба ҳалли кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ доранд, чунин шароите фароҳам орем, ки сухани ҳар яки онҳоро шунида тавонем. Ин бояд вазифаи ҷонии ҳар хизматчии давлатӣ, шуруъ аз мақомоти маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳар як вакил, ҳар як корманди ташкилоти ҳизбӣ бошад.

Рисолати мо, аъзои  ҳизб аз он иборат аст, ки идеяҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, рисолати худро сарбаландона иҷро намоем.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ
АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ